Март 15, 2022 16:22 Asia/Dushanbe
  • Кохи Сафед: Дар сурати кумак ба Русия, Чин бо пайёмадҳои шадиде рӯ барӯ хоҳад шуд

Сухангуи Кохи Сафед муддаӣ шуд, дар сурате, ки Чин ба Русия кумак кунад, бо пайёмадҳои сангине мувоҷеҳ мешавад.

Русия ва Чин ба унвони ду қудрати рақиби байналмилалии Иёлоти муттаҳида дар солҳои ахир, равобити густардае барқарор карда ва дар ростои муқобила бо фишорҳо ва таҳдидоти Амрико, ки ҳамвора дар асноди болодастии худ аз ин ду кишвар ба унвони муҳимтарин таҳдидот алайҳи Иёлоти муттаҳида ёд карда, ба ҳамкориҳои стротежик бо якдигар пардохтаанд.

Ҷен Псаки бори дигар бо такрори таҳдидҳои мақомоти амрикоӣ алайҳи Чин ва Русия муддаӣ шуд, мо рафтори Чинро зери назар ва абзорҳои зиёде барои муқобила бо он дар сурати ҳимояти ин кишвар аз Русия дар ихтиёр дорем.

Вай муддаӣ шуд, дар сурате, ки Чин бихоҳад як таъминкунандаи иқтисодӣ барои Русия бошад, бояд бидонад онҳо танҳо 15 то 20 дарсади иқтисоди ҷаҳонро ташкил медиҳанд, аммо кишварҳои “Гуруҳ-7” беш аз 50 дарсади иқтисоди ҷаҳонро шакл медиҳанд, бинобар ин навъҳое аз абзорҳо дар ихтиёри мо қарор дорад.

Ҷен Псаки ҳамчунин дар идома иддао кард, дар сурате, ки Русия ба истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Украина даст бизанад, бо посухи ҷаҳонӣ рӯ барӯ хоҳад шуд.

Нашрияи “Financial Times” чопи Британия бо интишори хабаре ба нақл аз манобеи огоҳ эълом кард, Амрико ба муттаҳидони худ гуфта, Чин барои кумаки низомӣ ба Русия ба манзури ҳимоят аз амалиёти низомии ин кишвар дар Украина ибрози тамоюл кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп