Июл 26, 2016 14:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони милал дар бораи густариши нуфузи ДИИШ дар Афғонистон

Намояндаи вижаи Созмони милал дар Афғонистон гуфт, гурӯҳи такфирии ДИИШ талош мекунад ҳузури худро дар бисёре аз устонҳои Афғонистон афзоиш диҳад, ҳарчанд сиёсати ДИИШ барои мардуми Афғонистон қобили пазириш нест ва фаъолияти ин гурӯҳ ҳамакнун ба устони Нангарҳор маҳдуд аст.

Намояндаи вижаи Созмони милал дар Афғонистон дар бораи густариши нуфузи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Тодомичи Момомиту дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: "Гурӯҳи такфирии ДИИШ талош мекунад ҳузури худро дар бисёре аз устонҳои Афғонистон афзоиш диҳад".

Намояндаи вижаи Созмони милал бо баёни ин ки сиёсати ДИИШ барои мардуми Афғонистон ҳаргиз қобили пазириш нест, гуфт: "Фаъолияти гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон ҳамакнун танҳо ба устони Нангарҳор маҳдуд аст".

Нахустин бор гурӯҳи такфирии ДИИШ масъулияти ҳамлаи хунин дар миёни тазоҳуркунандагони ҳазора дар Кобулро бар ӯҳда гирифт, ки бар асари он беш аз ҳаштод тан кушта ва беш аз сесад нафар захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи устондори Нангарҳори Афғонистон эълом кард: "Саъди Иморотӣ, фармондеҳи аршади гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи Афғонистон кушта шуд".

Ба гуфтаи сухангӯи устондори Нангарҳор, вай шаби гузашта дар набард бо нерӯҳои артиши афғон дар шаҳристони Кут кушта шудааст.

Барчасп