Қарантинаи шаҳри 9 милллион нафараӣ дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i82990
Ҳамзамон бо афзоиши шадид ва бесобиқаи ҳамагирии Ковид-19 дар Чин мақомоти ин кишвар сокинони як шаҳри пурҷамъияти саноъатиро қарантина карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Март 22, 2022 17:40 Asia/Dushanbe
  • Қарантинаи шаҳри 9 милллион нафараӣ дар Чин
    Қарантинаи шаҳри 9 милллион нафараӣ дар Чин

Ҳамзамон бо афзоиши шадид ва бесобиқаи ҳамагирии Ковид-19 дар Чин мақомоти ин кишвар сокинони як шаҳри пурҷамъияти саноъатиро қарантина карданд.

Ба гузориши Садо ва Симо, шаҳри саноъатии Шинёнг дар шимоли шарқии Чин ба далели навъи густардаи гунаи ҷаҳишёфтаи корона мавсум ба Омикрон аз имрӯз сешанбе қарантина шуд.

Вазорати беҳдошти Чин бо судури баёнияе дар рӯзи ҷорӣ ибтилои 4 ҳазору 770 нафари дигар ба вируси корона дар саросари ин кишварро тайид кард.