Гуфтугӯи телефонии Э.Раҳмон ва В.Путин
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия тайи тамоси телефонӣ бо табрики 30 -юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар, дар бораи мавзуҳои муҳими минтақаӣ гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар тамоси телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин роҷеъ ба равобити дуҷониба, авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа ва масоили Афғонистон баҳсу табодули назар шуд.
Дар ин тамоси телефонӣ таъкид шуд, ки тайи се даҳаи гузашта Тоҷикистон ва Русия ба натоиҷи қобили таваҷҷуҳе дар тавсеаву тақвияти равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобили судманд дар чорчӯби мушорикати роҳбурдӣ даст ёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Федератсияи Русия шарики тиҷориву иқтисодии умдаи Тоҷикистон аст ва ду кишвар ба таври муассире дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ ва дар ҳавзаҳои низомиву интизомӣ - фаннӣ ҳамкориҳоиҳои роҳбурдӣ доранд.
Владимир Путин низ бо роҳбурдӣ хондани равобити Тоҷикистон ва Русия, хостори густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми заминаҳо шуд.