Дархости Коркер аз Трамп барои иҷрои БАРҶОМ
Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз раисҷумҳури тозаинхоби ин кишвар хост, то тавофуқи ҳастаии “Гурӯҳи 5+1”-ро бо Эрон иҷро кунад.
Боб Коркер, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенат, ки пеш аз ин аз мунтақидони ҷиддии музокироти ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи 5+1” буд, таъкид кард, Доналд Трамп ба ҷой он ки тавофуқномаи ҳастаиро сарфи назар кунад, бояд иқдомоти бештареро барои иҷрои қатъии ин тавофуқнома анҷом диҳад. Коркер гуфт, Амрико қабл аз он ки кӯшиши сарфи назар кардан ё музокира барои тавофуқи ҷадиде дошта бошад, бояд бо соири муттаҳидонаш тавофуқномаи феълиро иҷро кунад.
Трамп дар суханроние, ки моҳи март дар нишасти лоббии саҳюнистии ОПЕК дошт, тавофуқи ҳастаии Эронро як фоҷиа арзёбӣ карда, онро бадтарин тавофуқе донист, ки бо музокира ба даст омадааст. Трамп аз мунтақидони ҷиддии тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ба шумор меравад ва борҳо таъкид карда, ки ин тавофуқро пора хоҳад кард. Коркер низ, ки аз мунтақидони тавофуқи ҳастаии ҳукумати Обама бо Эрон аст, талоши зиёде кард, то иҷрои тавофуқи ҳастаиро ба таъхир биндозад ва ба Конгресс ин иҷозаро бидиҳад, то назари ниҳоиро дар бораи тавофуқи ҳастаии эълом кунад, вале ин тавофуқ як тааҳҳуди сиёсӣ буда, на як паймон ва муоҳидаест, ки ниёз ба тасвиби Конгресс дошта бошад.