Апрел 14, 2022 10:23 Asia/Dushanbe
  • Дар ин маросим Мавлуд Човуш Уғлӯ Вазири умури хориҷаи Туркия Бағдод Амиров дабири кулли Сомони кишварҳои туркзабон ва сафирон ҳузӯр  доштанд
    Дар ин маросим Мавлуд Човуш Уғлӯ Вазири умури хориҷаи Туркия Бағдод Амиров дабири кулли Сомони кишварҳои туркзабон ва сафирон ҳузӯр доштанд

Нависандаи қирғиз ба унвони дабир кулли Созмони байналмиллалии фарҳанги туркӣ мансуб шуд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон  ба нақл аз Форс,  пас аз маросими муарифии дабирири кулл дар шаҳри Анкара Султон Роиф нависандаи қирғиз расман ба унвони дабири кулли Созмони миллали фарҳанги туркӣ оғоз ба кор кард.

  • Дар ин маросим Мавлуд Човуш Уғлӯ Вазири умури хориҷаи Туркия Бағдод Амиров дабири кулли Сомони кишварҳои туркзабон ва сафирон ҳузӯр  доштанд.

Султон Роиф нависанда, намоишнома навис, сиёсатмадор ва шахсияти иҷтимоии Қирғизистон узви Иттиҳодияи нависандагони Авру Осиё буда ва то пеш аз ин ба унвони мушовири раиси ҷумҳур ва вазири фарҳанг фаъолият кардааст.

 Қабл аз он Дивсан Косинов аҳли Қазоқистон, ба муддати 14 сол ба унвони дабири кулли Созмони байналмиллалии фарҳанги туркӣ кор мекард.

  • Шаҳри Бурсо дар соли 2022 марказӣ фарҳангии ҷаҳонии турк унвон шудааст ва имсол ин шаҳр мизбонӣ бозиҳои ашоирӣ хоҳад буд.

Турксои як Созмони байналмиллали аст, ки ҳадафи он ҳифзи мероси модди ва фарҳангии мардумони туркзабон ва интиқоли он ба наслҳои ояндааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп