Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико: Бозгашт ба Барҷом ба суди мост
(last modified Fri, 22 Apr 2022 11:57:46 GMT )
Апрел 22, 2022 16:57 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико: Бозгашт ба Барҷом ба суди мост

Вазорати хориҷаи Амрико изҳор дошт, дар моҳҳои гузашта пешрафти чашмгире дар музокироти Вена доштаем, ихтилофҳое вуҷуд дорад ва замони расидан ба тавофуқ дақиқан мушаххас нест.

Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуд, 11 марти 2022 ба пешниҳоди Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вориди як давраи танаффус шуд ва музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Пи Би Эс, Нед Прайс, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико муддаӣ шуд, ихтилофҳое вуҷуд дорад, ки боқӣ мондааст ва мо ҳамчунон фаъолона пайгири ҳаллу фасли масоили боқимонда ҳастем.

Амрико талош мекунад то дар бораи ба натиҷа нарасидани музокироти Вена ба истилоҳ тӯбро дар замини Эрон андохтаву Теҳронро муқассири вазъияти номаълуми кунунӣ ҷилва диҳад. Дар ҳоле, ки Эрон борҳо хостаҳои худро ба таври сареҳу шаффоф баён кард.

Эрон борҳои мавзеи усулии худ дар ин замина, яъне лағви ҳамаи таҳримҳо, ростиозмоии ин амр ва низ ироаи тазмин аз ҷониби Амрико дар бораи адами хуруҷи дубора аз БарҶомро эълом кардаву хоҳони амалӣ шудани онҳост. Теҳрон эълом карда, ки агар тарафи амрикоӣ воқеъбинона амал кунад, имкони дастёбӣ ба тавофуқ дар Вена вуҷуд дорад.