Июл 26, 2016 19:25 Asia/Dushanbe
  • Поёни гаравгонгирӣ дар шимоли Фаронса

Гаравгонгирӣ дар шимоли Фаронса бо кушта шудани ду гаравгонгир ва яке аз гаравгонҳо поён ёфт.

Ба иттилои торнамои рӯзномаи фаронсавии Ле Фигаро, манобеи полиси Фаронса эълом карданд, 2 марди мусаллаҳ ба силоҳи сард рӯзи сешанбе панҷ нафарро дар калисои католикҳо дар минтақаи Сен Маритим дар наздикии шаҳри Роуэн дар шимоли ин кишвар ба гаравгон гирифтанд.

Бар асоси ин гузориш, яке аз гаравгонҳо, ки роҳибаи калисо буд, тавонист аз маҳал бигурезад ва полисро аз ин гаравгонгирӣ огоҳ кунад.

Дар ин гаравгонгирӣ, ки 40 дақиқа тӯл кашид, кашиши килисо дар ин гаравгонгирӣ кушта шуда ва ду гаравгони дигар низ маҷруҳ шуданд.

Бархе манобеъ хабар медиҳанд, ки гаравгонгирҳо гулуи ин кишишро бурида буданд.

Додгустарии Порис эълом кард, таҳқиқ дар мавриди ин гаравгонгирӣ ба бахши зидди терроризми полиси қазоии Фаронса ва идораи кулли амнияти дохилии ин кишвар супурда шудааст.

Дар паи ин гаравгонгирӣ Франсуа Олланд, раисҷумҳур ва Бернард Казно, вазири кишвари Фаронса дар шаҳри маҳалли ҳодиса ҳузур ёфтанд.

Мануел Валс, нахуствазири Фаронса низ дар вокуниш ба гаравгонгирӣ онро ҳамлае ваҳшиёна хонд ва маҳкум кард.

Сухангуи Ватикан низ ба нақл аз Поп Франсис, раҳбари католикҳоиҷаҳон бо интишори баёнияе ин ҳамларо маҳкум кард .

Барчасп