Созмони Милал: Беш аз 5 миллион нафар аз Украина хориҷ шудаанд
Комиссари олии паноҳндагони Созмони Милал эълом кард, аз оғози ҷанг дар Украина тақрибан 5 миллиону 200 ҳазор тан аз ин кишвар хориҷ шудаанд.
Аз замони оғози ҷанги Русия ва Украина дар 24 феврал то кунун, ҳудуди панҷ миллион украинӣ ин кишварро тарк карда ва умдатан дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ гирифтаанд.
Комиссари олии паноҳандагони Созмони Милал эълом кард, дар моҳи ҷорӣ (апрел) як миллиону 151 ҳазор нафар аз Украина ба кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи март ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз марзҳои ин кишвар хориҷ шуда ва ба кишварҳои дигар паноҳанда шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки Полша мизбони бештарин теъдоди паноҳҷӯёни украинӣ аст.
Ҳамчунин, Созмони байналмилалии муҳоҷирати Созмони Милал эълом кардааст, ки беш аз 7. 7 миллион нафар дар дохили Украина овора шудаанд.
Бо гузашти ду моҳ аз оғози ҷангу Украина ва шиддат гирифтани вайронӣ дар ин кишвар, сели паноҳҷӯёни украинӣ ба манотиқи марзӣ ва кишварҳои аврупоӣ идома дорад.
Бештар бихонед: