Май 02, 2022 14:37 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи «Тайм»: Русия барандаи ҷанги энержӣ аст

Нашрияи «Тайм» дар таҳлиле дар бораи ҷанги Украина навишт: Агарчӣ Русия дар набарди майдонӣ алайҳи Украина муваффақ набуда, аммо бо дар ихтиёр доштани силоҳи энержӣ ба хубӣ тавониста монеи аксуламали ҷиддии Аврупо дар ҳимоят аз Киев шавад.

Нашрияи амрикоии «Тайм», чопи Ню-Йорк навишт: Таҳримҳои кунунӣ, ки бахши энержии Русияро шомил намешавад, фақат тавониста Русияро ба гӯшаи ринг бибарад ва онро аз по дарнаёвардааст. Бинобар ин Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар аз ин аҳроми муҳим барои талофӣ истифода мекунад.

Ин нашрияи амрикоӣ навишт: Путин акнун на танҳо дар худи Украина, балки хориҷ аз он ҳам аз силоҳи энержӣ барои пирӯзӣ дар майдони набард истифода мекунад.

Ҳамон тавр, ки Урсула Фон Дер Ляйен, раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо эълом кардааст, тасмими 26 апрели «Газпром» барои қатъи гази Полша ва Булғористон навъе боҷхоҳӣ аст, аммо чунин иқдоме аз сӯи Русия барои як донишҷӯи «таърихи Русия» ғайримунтазира нест.

«Тайм» ёдовар шуд: Русия дар соли 2009 низ гази Украина ва кишварҳои аврупоии ҳамсояро қатъ карду ҳадафи он ба зонӯ даровардани Киев дар як зимистони сахт буд ва ба ин ҳадаф ҳам расид.

Дар идомаи ин таҳлил омадааст: Бо ин ки Олмон ҳам билохира мухолифат бо таҳрими энержии Русияро канор гузошт, аммо дар бораи замони қатъи воридоти газ аз Маскав ҳанӯз тавофуқе байни кишварҳои аврупоӣ ҳосил нашуда ва онҳо натавонистанд мисли Амрико воридоти энержӣ аз Русияро ба таври комил қатъ кунанд.

Бар асоси ин гузориш, 60 дарсади даромади Русия дар соли 2021 аз содироти энержӣ буда ва дар ҳоле ки то 7 апрели соли ҷорӣ Аврупо беш аз як миллиард доллар ба Украина кумаки молӣ кардааст, 35 миллиард доллар барои воридоти энержӣ ба Маскав пардохт кардааст.

Ин нашрияи амрикоӣ навишт: Бо ин ки Аврупо силоҳу кумаки зиёде ба Украина ирсол карда, аммо ба хотири вобастагӣ ба Русия дар ҳавзаи энержӣ натавониста ин кишварро халъи силоҳ кунад.

 

Барчасп