Талоши Маскав барои маҳкум кардани инфиҷори “Норд стрим”
Муовини аввали намояндаи доими Русия дар Созмони Милал аз талоши Маскав барои маҳкум кардани инфиҷори “Норд стрим” бо интишори пешнависи баёнияи раёсати Шӯрои амният хабар дод.
Димитрий Ролянский, муовини аввали намояндаи доими Русия дар Созмони Милал бо эъломи интишори пешнависи баёнияи раёсати Шӯрои амният дар мавриди “Норд стрим” таъкид кард, ин пешнависро мунташир кардем то мушаххас шавад ҳамкорони ғарбии мо аз чӣ тарфандҳое барои ҷилавгирӣ аз баёни мавзеи сареҳи Шӯрои амният дар мавриди ин ҳамлаи террористӣ истифода хоҳанд кард.
Пештар Симон Ҳарш, хабарнигори амрикоӣ дар мақолае ҷадид фош кард, давлати Амрико хутути лулаи “Норд стрим”- ро аз тарси аз даст додани нуфузи худ бар Олмон ва Аврупои Ғарбӣ ба таври куллӣ дар миёни арзаи гази арзонқимати Русия мунфаҷир кард.
Ин хабарнигори амрикоӣ дар ин мақола навишт, инфиҷори хутути лулаи “Норд стрим” ҳеҷ иртиботе бо ҷанги Украина надорад ва бештар ношӣ аз тарси давлати Амрико нисбат ба аз даст додани мавқеияти худ дар миёни кишварҳои аврупоӣ дорад.