Май 03, 2022 18:28 Asia/Dushanbe
  • Чин: Амрико муқасири аслии буҳрони Украина аст
    Чин: Амрико муқасири аслии буҳрони Украина аст

Вазорати хориҷаи Чин рӯзи душанбе бо интишори баёнияе таъкид кард, муқасири аслии буҳрони Украина давлати Амрико аст.

Русия аз 24 феврал амалиётеро дар Украина дар ростои ҳимоят аз ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск оғоз карда аст.

Русия эълом карда аст ҳамлаи ин кишвар ба Украина ба манзалаи шуруъи ҷанг нест, балки иқдоми барои пешгири аз як ҷанг дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Дар ҳамин робита Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия ахиран ҳадафи Маскав аз амалиёт дар Украинаро натсизмзудоӣ ва низ раҳо кардани манотиқи русзабони ин кишвар аз наслкуши унвон кард.

Вазорати хориҷаи Чин дар ин баёния таъкид кард, масъулияти ғайри қобили инкори ошкоршудани буҳрон дар Украина ба уҳдаи Амрико аст чаро, ки Вашенгтон паймоншикани кард ва талоши мудовим ва пайвастаеро барои густариши низомиёнӣ НАТО ба тарафи шарқ дар дастури кор қарор дод.

Маскав пеш аз ин борҳо ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи мусаллаҳ кардани Украина ва низ бетаваҷуҳи ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинони рустабор дар шарқи Украина ҳушдор дода буд.

Ғарбиҳо ба саркардагии Амрико бо ҳадафи маҳор ва муҳосираи Русия сели кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии худро ба тарафи Украина равона кард ва НАТО низ ба сурати фазоянда бо баргузории размоишҳои муштарак ва омӯзиши низомиёни украинӣ дар Украина ҳузур пайдо карда аст.

Руси дар ҳамин замина борҳо эълом кард, иҷоза нахоҳад дод кишвараш аз хоки Украина таҳдид шавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп