Путин фармони таҳримҳои иқтисодии ғарбро имзо кард
(last modified Tue, 03 May 2022 13:30:20 GMT )
Май 03, 2022 18:30 Asia/Dushanbe
  • Путин фармони таҳримҳои иқтисодии ғарбро имзо кард
    Путин фармони таҳримҳои иқтисодии ғарбро имзо кард

Кремл эълом карда аст раиси Ҷумҳурии Русия иқдомоти иқтисодии талофиҷуёна дар иртиботот бо иқдомоти ғайридустони бархе кишварҳои хориҷиро имзо кард.

Иқдоми раиси Ҷумҳурии Русия дар ҳоли сурат гирифта аст, ки аз ҳамлаи низомии ин кишвар ба Украина 24 феврал кишварҳои ғарбӣ барои коҳиши танишҳо дар Украина иқдоми анҷом надодаанд балки фишори таҳримҳо зидди Маскавро ба умеди мунзави кардани ин кишвар дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ афзоиш доданд.

Вазирони Иттиҳодияи Аврупо дар садад ҳастанд бо ташкили ҷаласаи, иқдомоти танбиҳии зидди  Русияро мавриди барраси қарор ҳиданд руйкарде, ки бо ҳушдори Русия ҳамроҳ шуда аст.

Дмитрий Песков, сухангуи Кремл рӯзи сешанбе хотир нишон кард дар фармони иҷроӣ Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия омада аст, ки вазирон дар муддати 10 рӯз лист аз афроде, ки қарор аст таҳти таҳримҳои талофиҷуёнаи Русия қарор мегиранд мушахас кунанд.

Бар асоси дастури раиси Ҷумҳурии Русия, мақомоти  рус аз ҳаргуна муъомила бо ширкатҳо ва афроде, ки таҳти таҳримҳои талофиҷуёнаи Федератсияи Русия қарор мегиранд манъ шуданд.

Бар асоси ин фармон содироти маҳсулот ва маводи хоми тавлиди дар Русия ба хориҷ аз Федератсияи Русия дар сурате, ки ин маҳсулот дар ростои манофеъи афроди таҳти таҳрим бошад мамнуъ аст.

Ширкатҳо ва афроде, ки таҳти таҳримҳои талфиҷуёна қарор доранд аз иҷрои таъаҳудоташон ба муъомилот дар дасти иҷро ва ҳамчунин пешбурди ҳаргуна муъомилоти молӣ манъ мешавад.

 

Бештар бихонед: