Нобудии таслиҳоти ирсолии ғарбиҳо ба Украина
https://parstoday.ir/tg/news/world-i85208-Нобудии_таслиҳоти_ирсолии_ғарбиҳо_ба_Украина
Вазорати дифоъи Русия эълом кард, шаш истгоҳи қатор дар Украина, ки барои пуштибонии нерӯҳои украинӣ муҳимоти ҷангии ғарбро вориди ин кишвар мекард, аз байн бурда шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 04, 2022 17:48 Asia/Dushanbe
  • Нобудии таслиҳоти ирсолии ғарбиҳо ба Украина
    Нобудии таслиҳоти ирсолии ғарбиҳо ба Украина

Вазорати дифоъи Русия эълом кард, шаш истгоҳи қатор дар Украина, ки барои пуштибонии нерӯҳои украинӣ муҳимоти ҷангии ғарбро вориди ин кишвар мекард, аз байн бурда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати дифоъӣ Русия дар баёнияи таъкид кард: Истгоҳҳои қатор дар Украина бо бомбаборони манобеъи таъминашон бо истифода аз силоҳҳои ҳавоӣ ва дарёӣ бо диққати боло аз байн бурда шуда аст.

Ин вазоратхона эълом накард силоҳои сохти кадом кишвари ғарбӣ аз тариқи ин истгоҳҳои қатор, нерӯҳои украиниро мусаллаҳ мекарданд.

Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин эълом кард, 40 ҳадафи артиши Украина аз ҷумла 4 анбори захираи муҳимот ва силоҳҳои тупхонаиро низ мавриди ҳамла қарор дода аст.

Владимир Путин, раиси Ҷумуҳурии Русия 21 феврал гузашта бо интиқод аз бетаваҷуҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетс ва Луганскро дар минтақаи Донбасс ба расмият шинохт.