Шикасти сангини ҳизби Ҷонсон дар интихоботи Англия
Натоиҷи аввалияи интихоботи маҳаллии Англия баёнгар шикасти сангини ҳизби нахуствазири ин кишвар ба иллати афзоиши таваррум аст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, натоиҷи аввалияи интихоботи маҳаллии Англия нишон медиҳад, ҳизби муҳофизакор ба раёсати Борис Ҷонсон, нахуствазири ин кишвар мутаҳаммили шикасти сангин шуд.
Ин ҳизб 35 курсиро дар шуроҳои маҳаллӣ аз даст доду ҳизби Коргар як курсӣ ва Ҳизби либерал – демократ 27 курсии ҷадид ба даст оварданд.
Ҷарима шудани Борис Ҷонсон ба иллати нақзи тадобири пешгиронаи марбут ба муқобила бо ҳамагирии корона аз ҷумлаи дигар далоили шикасти ҳизби муҳофизакор дар ин интихобот аст.
Ҳануз натоиҷи комили интихобот дар 32 минтақаи Лондон эълом нашудааст, аммо оморҳои аввалия ҳокӣ аз пирӯзии ҳизби Коргар дар баъзе манотиқи пойтахти Англия аст.