Май 10, 2022 08:40 Asia/Dushanbe
  • Камбуди шадиди равғани хӯрокӣ дар Кореяи Ҷанубӣ

Нашрияи Корея таймс, гузорише дар бораи камбуди равғани хӯрокӣ ва афзоиши тақозо дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамзамон бо буҳрони бозорҳои ҷаҳонӣ мунташир кард.

Равғани хӯрокӣ (ошпазӣ) ба пуртақозотарин коло дар бозорҳои дасти дувуми бархати Кореяи Ҷанубӣ табдил шудааст, зеро нигарониҳо дар бораи арзаи ин навъи равған дар ҷаҳон мӯҷиб шуда масрафкунандагони бештаре иқдом ба захираи ин колои аслӣ кунанд.

Мамнуияти содироти равғани полми Индонезия ва идомаи ҷанг байни Русия ва Украина, тавлидкунандагон ин равғанро ба сӯи афзоиши қимати он дар хурдафурӯшӣ сӯқ додааст. Бад-ин тартиб, ин равған ба колои пуртарафдор дар миёни масрафкунандагон дар бозорҳои дасти дувум табдил шудааст.

Ҳамчунин, бар асоси гузориши муассисаи иттилоотии Скотт, калимаи калидии "равғани пухту паз" дар ҳафтаи панҷуми моҳи апрел 74 ҳазору 70 бор ҷустуҷӯ шуд, ки 5.4 баробар бештар аз 13 ҳазору  830 боре аст, ки дар ҳафтаи чаҳоруми моҳи апрел ҷустуҷӯ шуд.

Гуфта шуда, ки мамнуияти содироти равғани полми Индонезия мумкин аст, қимати равғани пухту пазро сареъан афзоиш надиҳад, аммо метавонад мунҷар ба камбуди маводи хом дар саросари ҷаҳон шавад.

 

Барчасп