Май 11, 2022 13:46 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани Русия ба анҷоми ҳамалоти кибернетикӣ

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва вазири хориҷаи Амрико муддаии ҳамалоти кибернетикии Русия алайҳи Украина шуданд.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо навиштани твитте иддао кард, ҳамалоти кибернетикӣ бахше ҷудоинопазир аз ҷанги Путин ва рафтори ғайримасъулонаи Русия дар фазои кибернетикӣ аст.

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико низ дар идомаи иттиҳомзанӣ алайҳи Маскав иддао кард, Русия авохири феврал ҳамалоти сайбериро алайҳи шабакаҳои иртибототи моҳвораии тиҷорӣ анҷом дод то бахши фармондеҳӣ ва контроли Украинро дар ҷараёни таҳоҷум ба Киев мухтал кунад.

Вазорати дифои Русия таъкид кардааст, неруҳои мусаллаҳи ин кишвар фақат зерсохтҳои низомӣ ва артиши Украинаро ҳадаф мегиранд.

Ҳадафи аслии артиши Русия он тавр, ки мақомҳои рус эълом кардаанд, озодсозии манотиқи Донбасс аст.

 

Барчасп