Таҳлил: Ҳамапурсии пайваситани Усетиёи Ҷанубӣ ба Русия ё таҷзияи Гурҷистон
Бар асоси фармони раиси ҷумҳури худхондаи Усетиёи Ҷанубӣ, сокинони ин минтақа рӯзи 17-уми июн, ба манзури илҳоқ ба Русия дар ҳамапурси ширкат хоҳанд кард.
Анатолий Бибилов раиси ҷумҳурии худхондаи Усетиёи ҷанубӣ, рӯзи 17-уми июни соли ҷории мелодиро ба унвони таърихи баргузории ҳамапурси барои пайвастан ба Русия таъин кард.
Мушахас карданд таърихи баргузории ҳамапурсии пайвастани минтақаӣ Усетиёи Ҷанубӣ ба Русия дар шароите эълом шудааст, ки пеш аз ин Гурҷистон, тарҳҳои манотиқи истиқлолталаб аз ҷумла баргузории ҳамапурси барои пайвастан ба Русия ва таҷзияи ин кишвари Қафқози Ҷанубиро ғайри қобили қабул талқи карда буд.
Бархе аз кишварҳои ҳамсояи Гурҷистон аз ҷумла Ҷумҳурии Озарбойҷон, баргузории интихобот ё ҳамапурси дар манотиқи ҷудоиталаби Гурҷистонро ғайри қобили қабул дониста ва онро ғайри қонуни эълом кардаанд. Ба хусӯс, ки минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ, ки як минтақаи истиқлолталаб миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аст, мумкин аст ба сарнавишти Усетиёи ҷанубӣ ё Абхазия дучор шаванд.
Ба ҳамин далел, ба назар мерасад, ки мақомҳои кишварҳои ҳамсояи Гурҷистон барои тасмимгири дар заминаи баргузории ҳаргӯна интихобот ё ҳамапурси дар ҳамсоягии худ, бисёр муҳтот амал мекунанд.Ба ҳамин далел, бояд гуфт, баргузории ҳамапурси моҳи июн илҳоқи Усетиёи Ҷанубӣ ба Русия аз эътибори чандоне дар сатҳи минтақа бархудор нахоҳад буд. Ба иборати дигар, манотиқи истиқлолталаби Абхазия ва Усетиёи Ҷанубӣ , пас аз илҳоқ ба Русия наметавонанд ба унвони як ҷумҳурии мустақил дар сатҳи минтақа фаъолият дошта бошанд.
Думинтақа Абхазия ё ва Усетиёи Ҷанубӣ пас аз ҷанги моҳи августи соли 2008 мелодӣ , аз кантроли давлати марказии Тифлис хориҷ шудаанд. давлати Маскав ин думинтақаро ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохт ва пойгоҳҳои низомии худро дар ин думинтақаи истиқлолталаб мустақар кардааст. Дар паи истиқрори низомии Русия дар Абхазиява Усетиёи Ҷанубӣ, давлати марказии Тифлис ба таври расми имкони эъмоли қудрат бар ин думинтақаро аз даст додааст.
Ба ҳамин далел, коршиносон мегӯяд, манотиқи истиқлолталаби Абхазия ва Усетиёи Ҷанубӣ ба сурати ғйри расмӣ, аз давлати марказии Гурҷистон ҷудо шудаанд. Пас аз ҷанг дар соли 2008 мелодӣ, шибҳи низомиёни Усетиёи ҷанубӣ ва низомиёни русӣ кантроли комили ин минтақаро ба даст гирифтаанд.
Илова бар Русия, Сурия, Никорогува, Венезуело, Ноуру ва Тувалу истиқлоли манотиқи ҷудоиталаби Гурҷистон аз ҷумла Усетиёи ҷанубиро ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохтаанд. Ин дар ҳоле аст,,ки чунин баназар мерасад, ки пас аз ҷанги 8 рӯзаи моҳи августи 2008 мелодӣ, давлати Гурҷистон имкони бозгардондани ин думинтақаро дошт, аммо ҳозир нашуданд дар ин замина риск кунанд.
Думинтақаи истиқилолталаби Гурҷистон, ки таҳти кантроли Русия қарори доранд ба ба далели бархурд аз чан вижагии муштарак, аз пойгоҳои мардумии қудратманде бархурдор нестанд. Ҳарду минтақаи ситиқлол талаби гурҷӣ ба далели вуҷӯди фасоди густарда дар сатҳи мақомҳои ин думинтақа, монанди дигар манотиқи истиқлолталаби Қафқози Ҷанубӣ бо мушкилоти муштараке мувоҷеҳ ҳастанд. Ба тавре, ки бархе нозирон изҳори назар кардаанд, ки бо системаи интихоботии феълӣ ва фасоди сиёсӣ ва иқтисодии мавҷӯд дар Усетиёи Ҷанубӣ ва Абхазия ин дуҷумҳурии худхонда, маҳкум ба бӯҳрони доими ва бидуни роҳи ҳал ҳастанд.
Дар ини замина Инал Хашиг аз рӯзноманигорони абхазияӣ муътақид аст: Аз назари беэътиноии мардум ва рай диҳандагон, баргузории интихобот ва ҳамапурси дар манотиқи ҷудоиталаби Гурҷистон, бесобиқа аст. Ба тавре, ки ҳатто дар ҷараёни интихоботи пешини раёсати ҷумҳурии худхондаи Абхезия, аксарияти мардум ё намедонистанд ба чӣ касе рай диҳанд, ё аслан тамойил ба додани рай надоштанд.
Ҳамин вижагиҳои ноши аз бетафовутӣ, имкони бозгардондани манотиқи истиқлолталаби Ахезия ва Усетиёи Ҷанубӣ ба Гурҷистон вуҷӯд дошт. Аммо мақомҳои давлати Тифлис то кунӯн дар ин замина иқдоме накардаанд. Албатта дахолатҳои давлатҳои ғарбӣ ба вижа Амрико дар умури Гурҷистон низ муҷиб шудааст, ки сиёсатмадорони ҳоким бар Гуристон ҳамвора дар ин замина даранг кунанд. Дар воқеъ мақомҳои гурҷӣ тамойиле ба сарфи ҳазина барои бозгардонданӣ манотиқи истиқлолталаби Абхезия ва Усетиёи Ҷанубӣ надоранд. Зеро аз вуҷӯди ин думинтақа бештар метавонанд баҳра бардори кунанд. Ин манотиқ баҳонае барои давлати Тифлис аст то дар маҷомеъи байналмиллалӣ алайҳи Русия мавзеъгирӣ кунанд. Давлатҳои ғарбӣ ба вижа Амрико низ метавонанд аз ин бӯҳрон алайҳи Русия дар Созмонҳои байналмиллалӣ нақшофарини кунад.
Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, баргузори ҳамапурсии ояндаи Усетиёи Ҷанубӣ ба далели ҳимоятҳои андаки минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, наметавонанд аз эътибори чандоне бархурдор бошанд.
Бештар бихонед:
- Тавофуқи сеҷонибаи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон барои роҳандозии масири транзитии нав
- Ифшои сохти озмоишгоҳҳои силоҳи биологии Амрико дар Гурҷистон
- Маҳкумияти Русия ба пардохти ғаромат ба Гурҷистон