Таъкиди раиси ҷумҳӯри Туркманистон бар тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлу нақлӣ бо Озарбойҷон
(last modified Sun, 15 May 2022 06:32:08 GMT )
Май 15, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси ҷумҳӯри Туркманистон бар тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлу нақлӣ бо Озарбойҷон

Раиси ҷумҳӯри Туркманистон дар дидор бо вазири иқтисоди Озарбойҷон гуфт : Бояд ҳамкориҳои роҳи оҳании ду кишвар тақвият шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Сардор Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳӯри Туркманистон бо Михаил Чингизуғлӣ Ҷабборов-вазири иқтисоди Озарбойҷон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор вазири иқтисоди Озарбойҷон гуфт : Раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон ин интихоби ҳушмандонаи мардуми туркманро нишоне аз тавсеаву пешрафти миллату давлат дар сатҳҳои олӣ медонад .

Раиси ҷумҳӯри Туркманистон низ бо орзӯи муваффақият барои миллату давлати Озарбойҷон ба афзоиши сатҳи ҳамкорӣ дар заминаҳои фарҳангӣ, тиҷорӣ,энержӣ,иртиботот ва ҳамлу нақл ишора кард.
Бердимуҳаммадов бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти геофизикии ин ду ҳамсоя гуфт : Мо метавонем бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти бисёр хуби кишварҳоямон иртибототи бисёр мусбате дар заминаи ҳамлу нақлу энержӣ дар масирҳои хушкӣ ва дарёӣ дошта бошем.

Тарафҳо бо тавваҷуҳ ба заминаи пешрафти ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иқрор доштанд, ки авлавиятҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои калидӣ монанди тиҷорӣ, технологияи пешрафтаи кишоварзӣ ва манобеи дарёӣ, фарҳангӣ,  беҳдошт ва дармон метавонад мутазаммини тавсеаи ҳамкориҳои мусбати мо бошад .