Ноябр 26, 2016 18:57 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои бозшумории орои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико

Дар ҳоле, ки орои мардумии номзади мағлуби интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз пирӯзии ин интихобот бештар шуда, натоиҷи интихобот дар се иёлоти калидӣ аз сӯи яке дигар аз номзадҳои ин рақобати ҷанҷолӣ зери савол рафтааст.

Ба дархости Ҷилл Стайн, номзади Ҳизби сабз дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, орои маъхуза дар иёлоти Висконсин бозшуморӣ мешавад.

Стайн қарор аст, хостори бозшумории оро дар ду иёлоти калидии дигар яъне Мичиган ва Пенсилвания шавад. Дар ҳар се иёлот, Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва пирӯзи интихоботи 8-и ноябр, бо фосилаи андаке тавонист Ҳилларӣ Клинтон, рақиби демократи худро пушти сар бигузорад.

Номзади Ҳизби сабз бо истинод ба афзоиши қобили мулоҳизаи орои раъйгирии ғиобӣ дар ин давр аз интихобот, нигарони ҳак шудани натоиҷи интихобот аст. Бо ин ҳол давлати Амрико дар баёнияе бо ишора ба нигарониҳо аз эҳтимоли дахолати Русия дар интихоботи Амрико, аз натиҷаи ин интихобот дифоъ кард.

Агарчи токунун иддаои тақаллуб дар торихи интихоботи Амрико, натиҷаи онро тағйир надодааст, аммо борҳо гузоришҳое аз беназмӣ ва эҳтимоли дасткорӣ дар орои интихобот мунташир шудааст. Бахши аъзами ин шикоятҳо марбут ба системаи раъйгирии ғиобӣ аст, ки ба бархе аз раъйдиҳандагон ин имконро медиҳад, бо мадорики шиносоии бастагони фавтшудаи худ раъй диҳанд ё дубор раъйи худро ба сандуқ биандозанд. Равиши ғайримутамаркази раъйгирӣ ва шеваҳои мухталифи шумориши оро дар иёлотҳои Амрико низ ба ин тардидҳо доман мезанад.

Эродҳои ҷиддӣ низ ба низоми сабти ном барои ширкат дар интихоботи Амрико вуҷуд дорад. Натоиҷи баррасиҳои муассисаи Пев дар соли 2002 нишон дод, аз ҳар 8 шаҳрванде, ки барои ширкат дар интихобот сабти ном мекунад, сабти номи яке фоқиди эътибор аст ва бо эҳтисоби ҷамъияти 146 миллионии афроди воҷиди шароити ширкат дар интихобот дар Амрико, теъдоди он ба 18 миллион мерасад.

Тафовути фоҳиши орои Трамп дар бахшҳое, ки орои он танҳо ба сурати электронӣ ахз шудааст низ ба тардидҳо дар бораи пирӯзии вай ба вижа дар иёлотҳои калидӣ доман задааст.

Сарфи назар аз инки иддаои дасткории натоиҷи интихобот то чи ҳад метавонад пирӯзии дур аз интизори ин миллиардери ҷанҷолиро зери савол бубарад, тафовути қобили таваҷҷуҳи орои мардумии вай бо Клинтон низ ишколоти низоми интихоботии Амрикоро беш аз пеш пурранг кардааст. Номзади демократҳо дар ҳоле аз вуруд ба Кохи Сафед боз монд, ки мизони орои мардумии вай, дастикам то инҷои кор, беш аз 2 миллион раъй бештар аз номзади пирӯзи интихобот аст.

Интизор меравад Трамп, ки худ дар даврони рақобатҳои интихоботӣ, эҳтимоли тақаллуб дар интихоботро матраҳ карда буд, бидуни дардисари ҷиддӣ унвони чиҳилу панҷумин раисҷумҳури Амрикоро аз они худ кунад. Бо ин ҳол интизор намеравад, осори мухарриби рақобате, ки ба яке аз касифтарин рақобатҳои интихоботии Амрико табдил шуд ва натоиҷи дур аз интизораш дастикам аз сӯи бахше аз ҷомеаи Амрико зери савол бурда шудааст, ба ин зудиҳо маҳв шавад.