Тирандозӣ дар иёлати Техаси Амрико
(last modified Wed, 25 May 2022 07:04:46 GMT )
Май 25, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар иёлати Техаси Амрико

19 нафар бар асари тирандозӣ дар иёлати Техаси Амрико кушта шуданд.

Амрико бо мавҷе аз хушунат, гаравгонгирӣ ва ҳамалоти мусаллаҳона рӯ ба рӯ аст. Солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, ҳудуди 300 миллион қабза силоҳи гарм дар Амрико вуҷуд дорад, яъне тақрибан ба ивази ҳар нафар як аслиҳа дар ин кишвар ёфт мешавад.

Эрик Эстрада, аз мақомоти амниятии иёлати Техаси Амрико гуфт, дар ин тирандозӣ 18 донишомӯз ва як муаллим кушта шудаанд.

Эстрада гуфт, дар ин ҳодиса фарди тирандоз низ кушта шудааст.

Фармондори иёлати Техас рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ ҳам гуфт, омили ин тирандозӣ як навҷавони 18 сола ба номи Салвадор Ромус будааст.

Ҳанӯз гузорише аз ангезаи ин тирандозӣ мунташир нашудааст, аммо мақомоти маҳаллии Амрико гуфтаанд, ки ба далели ин ҳодиса тамоми мактабҳо дар ин шаҳр таътил шудаанд.