Май 29, 2022 12:19 Asia/Dushanbe
  • Бойден: Хушунат беш аз ҳад аст, тарс беш аз ҳад аст, ғуса беш аз ҳад аст
    Бойден: Хушунат беш аз ҳад аст, тарс беш аз ҳад аст, ғуса беш аз ҳад аст

Хушунат беш аз ҳад аст, тарс беш аз ҳад аст, ғуса беш аз ҳад аст. Инҳо тавсиҳоте аст, ки раиси ҷумҳӯри Амрико дар мавриди ин кишвар бар забон овардааст.

Ҷу Бойден таи суханронӣ дар маросими фориғултаҳсилии донишҷуёни  Донишгоҳи Диловер дар бораи  тирандозии ахир дар Амрико,ки кушта шудани 19 донишомӯз дар Тегзос мунҷар шуд, гуфт:"Дар ҳоле, ки ман инҷо суханронӣ мекунам, волидайни ин бачаҳо худашонро омода мекунанд то фарзандонашонро дафн кунанд. Онҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фарзандонашонро дафн мекунанд. Хушунат, беш аз ҳад аст. Тарс, беш аз ҳад аст. Ғуса, беш аз ҳад аст."

Вай бо таъкид бар азми худ барои муқобила бо хушунатҳои мусаллаҳонаи фазоянда дар Амрико гуфт: Медонам, ки мо наметавонем фоҷеъаро ғайри қонуни кунем, аммо метавонем Амрикоро амнтар кунем.

Бо ин ҳол, таҷрӯбаи чанд даҳа солаи ахир дар Амрико нишон медиҳад, ки азми давлатмардон барои муқобила бо ноамнӣ ва хушунатҳои мусаллаҳона дар ин кишвар ё ғайри воқеъи аст ё ғайри муассир. Ба ҳамин далел ҳарбор пас аз як тирандозии такондиҳанда дар гӯшае аз Амрико, бархе аз давлатмардон ва сиёсатмадорон, суханони эҳсосӣ дар зиштии хушунат бар забон меоваранд ва ваъдаҳои барои мубориза бо он сар медиҳанд аммо бо гузашти замон, дубора  вазъият ба қабл бармегардад ва чӣ басо  ҳатто хушунатҳои шадидтаре низ рӯх диҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе дигар аз давлатмандон ва сиёсатмадорони Амрико бидуни таваҷҷӯҳ ба кушторе, ки дар хиёбонҳои Амрико дар ҷараён аст, аз озодии ҳамли силлоҳ ҳимоят мекунанд. Ин гурӯҳ ҳатто мутақиданд барои муқобила бо тирандозиҳои кур дар ҷомеъа, шаҳрвандони ин кишвар бояд беш аз пеш мусаллаҳ шаванд. Бархе аз онон ҳамчун  Доналд Тромп раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико ҳатто пешниҳод додаанд, ки коркунони мадорис дар Амрико то сарҳади имкон мусаллаҳ шаванд ва тадобири амниятии шадиде дар мадориси ин кишвар барқарор шавад.

Дар ҳоле, ки гурӯҳи дигаре ҳамчун сенотур Берни Сандерз хоҳони мамнуъияти истифода аз ҳар навъи силоҳҳи нима афтаматик дар Амрико ҳастанд.

Сандерз дар Твиттер навишт: Ҳеҷ кас ба 15-AR ё ҳар саллоҳи таҳоҷумии дигаре,ки барои қатли оми мардум тароҳи шуда бошад ниёз надорад.

Ин ихтилофи амиқи сиёсӣ миёни тарафдорони озоди ҳамли силлоҳ ва ҳомиёни эъмоли маҳдудҳиятҳои қонуни бар сари моликияти силлоҳ сабаб шудааст то инсонҳои бемори ҷомеъа ситез ва ҷинояткор ба роҳати дигаронро ба коми марг бифиристанд  ва ҳатто аз ҷиноят дар мадорис ва алайҳи кӯдакони бегуноҳ низ тарсе надошта бошанд.

Охирин намуна аз куштор, ноамнӣ ва ваҳшат дар ҷомеъаи Амрико, чанд рӯз пеш дар дабистони Роб дар шаҳри Увалди Иёлоти Техас рух дод, ҷойе, ки як ҷавони 18 сола бо як мусалсали нима афтаматик вориди мадраса шуд ва 22 тан аз ҷумла кӯдакро ба коми марг фиристод. Он ҳам дар ҳоле, ки маъмурони полис бо амалкарди фоҷеъаомез, қариб ба як соат замон дар ихтиёри зориб қарор доданд то ҷинояти худро дар ин мадраса такмил кунад.

 

Акнун дар фазоӣ ба шиддад эҳсосӣ ва ғамбор, куштори 19 кӯдаки бегуноҳ, сиёсатмадорон умдатан демакрат, яке пас аз дигаре ба хонаводаи қурбониён ҳамдарди мекунанд ва ваъда медиҳанд, ки иҷоза надиҳанд чунин ҳаводиси талхе бори дигар такрор шавад. Бо ин ҳол, то замоне, ки қавонини муассиртаре дар заминаи моликияти саллоҳ дар Амрико ба тасвиб ва иҷро гузошта нашуд ва то замоне, ки барои фарҳангӣ хушунат дар Амрико тадобире андешида нашуд, такрори ончӣ , ки раиси ҷумҳӯри Амрико аз он ба унвони хушунати беш аз ҳад, тарси беш аз ҳад ва ғусаи беш аз ҳад дар кишвар ёд мекунад, иҷтинобнопазир хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп