Июн 07, 2022 17:57 Asia/Dushanbe
  • Русия: аз қатъномаи зидди эронӣ дар ожонс ҳимоят намекунем
    Русия: аз қатъномаи зидди эронӣ дар ожонс ҳимоят намекунем

Намояндаи Русия дар Созмонҳои байналмиллалӣ гуфт: Маскав бо ҳаргуна қатъномаи ғайрисозандаи ғарбиҳо дар бораи Эрон дар сурати тавсвиб аз сӯи Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ҳамроҳи нахоҳад кард.

Кишварҳои аврупоӣ узви БарҶом Британия, Олмон ва Фаронса ба ҳамроҳи Амрико қасд доранд дар нишасти ҷории Шӯрои ҳукком, ки аз рӯзи гузашта дар Вена оғоз шуд, пешнависеро зидди Эрон ба ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ироа кунанд, ки эҳтимолан рӯзи чоршанбе барраси хоҳад шуд.

Ин санад зимни такрори бархе иддаоҳои беасос хостори ҳамкории Эрон бо ин ниҳоди вобатса ба Созмони Миллали Муттаҳид шуда аст.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ имрӯз дар паёми навишт қасди ширкаткунандагони ғарбӣ дар музокироти Вена "Амрико, Британия, Фаронса ва Олмон" барои тасвиби қатънома дар бораи Эрон дар нишасти кунуннии Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллаии энержи атомӣ созанда нест.

Бин бар изҳороти Улянов, Русия бо қатъномаи ғайрисозанда дар мавриди Эрон дар сурати тасвиби он дар нишасти кунунии Шӯрои ҳуккоми ожонс, ҳамроҳи нахоҳад кард.

Ин дипломати рус афзуд: Ҳарчи пештар меравем бештар мушахас мешавад, ки қасди ширкаткунандагони ғарбӣ дар музокироти Вена дар мавриди тасвиби қатънома дар мавриди Эрон дар нишасти кунунии Шӯрои ҳуккоми ожонс барои лағви таҳримҳои ғайрисозанда аст.

Ҳусайн Амр Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо Ҷозеб Борел, масъули сиёсати хориҷаи иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод ҳаргуна иқдоми сиёсӣ дар ожонс бо вокуниши мутаносиб, муассир ва фаврии Эрон муваҷаҳ хоҳад шуд.

 

Барчасп