Кумакҳои Созмони Миллал пеши роҳи фақр дар Афғонистонро нагирифт
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард Афғонистон дар вазъияти бади иқтисоди қарор дорад ва кумакҳои Созмони Миллал натавонист пеши роҳи фарқрро дар ин кишвар бигирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷадидтарин гизориши худ мавсум ба дурнамоӣ иқтисодии ҷаҳон бо ишора ба коҳиши даромади саронаи шаҳрвандони Афғонистон афзуд, ки вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Афғонистон бо вуҷуди кумакҳо ва пуштибонии фазояндаи ҷаҳонӣ, ки ба гунаи ногаҳони дар августи соли 2021 мутаваққиф шуд, ҳануз ҳам бад буда аст.
Дар ин гузориш омада аст иқтисод дар ин кишвар фурупошид, иштиғолзоӣ ва воридоти ғизо ва энергетика коҳиш ёфта ва эҳтимоли ҳазинаҳои ҳукумати аз августи соли 2021 се то чор баробар коҳиш ёфта аст.
Бонки Ҷаҳонӣ бо ишора ба ҷанги Русия ва Украина хотирнишон мекунад, ки ин ҷанг боиси афзоиши нархи маводи хуроки дар ҷаҳон шуд ва кишварҳои воридоти монанди Афғонистон зиёдтар осибпазир шуданд.
Дар гузориши ахири Бонки Ҷаҳонӣ, Афғонистон дар аввали феҳрести кишварҳои воридоти қарор дорад.
Анаси Ҳаққонӣ узви аршади Толибон дар ҳамин маврид гуфт: Бархилофи усули ахлоқи дороиҳои Афғонистонро масдуд сохтанд мо танҳо бо фақр музориза намекунем балки бо иқтисоди ҷанги низ мубориза мекунем.