10 мадрасаи ДИИШ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i8746-10_мадрасаи_ДИИШ_дар_Афғонистон
Масъули "Ҳаҷ ва авқоф"-и устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон эълом кард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ, 10 мадрасаи омӯзишӣ дар ин устон эҷод кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 29, 2016 13:59 Asia/Dushanbe
  • 10 мадрасаи  ДИИШ дар Афғонистон

Масъули "Ҳаҷ ва авқоф"-и устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон эълом кард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ, 10 мадрасаи омӯзишӣ дар ин устон эҷод кардааст.

   Ба гузориши ИРНА, Абдулзоҳир Ҳаққонӣ ба расонаҳои маҳаллии Афғонистон гуфт, ки ин мадорис дар шаҳристонҳои Ачин ва Деҳи боло, Нозиён ва Кот эҷод шуда ва донишомӯзони ин мадорис писарони ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ва шуморе аз сокинони мардуми минтақа ҳастанд.

   Ҳаққонӣ ёдовар шуд, ин мадорис дар гузашта аз сӯи давлат таъсис шуда буд, аммо замоне, ки афроди ДИИШ ин манотиқро дар контрол гирифтанд,  аз ин мадорис барои омӯзишҳои низомӣ истифода карданд.

   Атоуллоҳ Хугёнӣ, сухангӯи устондори Нангарҳор низ аз эҷод мадрасаи ДИИШ дар шаҳристони Шинвор хабар додааст.

   Дар ҳамин ҳол, Зоҳир Қадир, муовини Маҷлиси намояндагони Афғонистон, рӯзи гузашта гуфт, гурӯҳҳои террористии Толибон ва ДИИШ бо муҳоҷирони афғон, ки аз Покистон бармегарданд, вориди Афғонистон мешаванд ва токунун хонаводаҳои зиёде аз диишҳо бо истифода аз номи муҳоҷирон дар устонҳои мухталиф ҷобаҷо шудаанд.