Июн 25, 2022 13:53 Asia/Dushanbe
  • Бербок: Русия ҷаҳонро бо ҷанги ғаллот ба гаравгон гирифтааст

Вазири умӯри хориҷаи Олмон дар конфронси амнияти ғизоӣ дар Берлин, Русияро ба гаравгон гирифтани ҷаҳон бо "ҷанги ғаллот" муттаҳам кард.

Анналена Бербок эълом кард, ки Маскав ба манзури бесубот кардани кулли кишварҳо амдан боиси афзоиши қиммати маводи ғизоӣ мешавад.

Вай дар идома муддаӣ шуд, ки Русия аз гуруснагии комилан амдӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ ва гаравгон гирифтани кулли ҷаҳон истифода мекунад.

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ дар иҷлоси ғизоии Берлин, гуруснагӣ ва сӯитағзияи густарда дар қарни 21-умро ғайриқобили қабул хонд ва гуфт, то замоне, ки Украина ва Русия, ки ҳудӯди 29 дарсад аз содироти ҷаҳонии гандумро тавлид мекунанд, роҳе барои аз саргирии муносиби тиҷорат пайдо накунанд, роҳи ҳалли муассире барои буҳрон вуҷӯд нахоҳад дошт.

Берлин мизбони конфронсе барои расидагӣ ба нигарониҳое буд, ки даргирии Украина метавонад боиси гуруснагӣ дар бархе кишварҳо шавад.

Дар ин нишаст, ки бо унвони "иттиҳод барои амнияти ғизои ҷаҳонӣ" баргузор шуд, вазирони хориҷа, кишоварзӣ ва тавсеа аз 40 кишвар гирди ҳам омаданд.

 

Барчасп