Июл 01, 2022 21:31 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Дар Сурия амалиёти низомӣ хоҳем дошт ва нигарон ҳам нестем

Раиси ҷумҳурии Туркия бо эътироф ба ин ки кишвараш дар ҳоли омода шудан барои анҷоми амалиётии низомии ҷадид дар шимоли Сурия аст, гуфт: Мумкин аст ҳама чиз ба сурати ногаҳонӣ иттифоқ биафтад, аммо Анкара барои ин кор ҳеҷ нигаронӣ надорад!

Анкара бо қарор додани номи ҳизби Коргарони Курдистони Туркия (ПКК) дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ, ин гуруҳро саркӯб ва артиши ин кишвар илова бар дохили Туркия, чанд соле аст ба баҳонаи мубориза бо ПКК амалиёте ғайриқонуниро низ дар шимоли Ироқ оғоз карда, мавзуе ки бо маҳкумияти шадиди Бағдод ва ироқиҳо рӯ ба рӯ шудаву хостори поён додан ба ин ишғолгарӣ шудаанд.

Ҳамчунин давлати Туркия ягонҳои мудофеи халқи ЙПК дар шимоли Сурияро бозуи ҳизби Коргарони Курдистони ПКК медонад ва ба баҳонаи мубориза бо аъзои ин гуруҳ, бахшҳое аз заминҳои шимолии Сурияро низ ба ишғоли худ дароварда, иқдоме ки бо вуҷуди мухолифату маҳкумияти шадиди мардуму давлати Сурия ва ҳатто ҷомеаи байналмилалӣ, ҳамчунон ба он идома медиҳад.

 

 

Барчасп