Тирандозӣ дар шаҳри Балтимори Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i8821-Тирандозӣ_дар_шаҳри_Балтимори_Амрико
Тирандозии маргбор дар шаҳри Балтимори Амрико шаш кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 01, 2016 11:16 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар шаҳри Балтимори Амрико

Тирандозии маргбор дар шаҳри Балтимори Амрико шаш кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, мақомоти пулиси шаҳри Балтимор эълом карданд, дар тирандозии як фарди мусаллаҳ дар шимолу ғарби ин шаҳр, ду нафар ҷони худро аз даст доданд ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Фарди мусаллаҳ, ки ҳанӯз ҳувияти вай шиносоӣ нашудааст, рӯзи чаҳоршанбе дар хиёбон ба мардум шиллик кард.

Ба гуфтаи Т. Смит, сухангӯи пулиси ин шаҳр баррасиҳои аввалия нишон медиҳад, ки ин тирандозӣ иқдоми талофиҷуёна дар муқобили қатле буд, ки дар ин минтақа тайи чанд рӯзи гузшта ба вуқӯъ пайваст.

Солиёна ҳазорон нафар, бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.