Июл 08, 2022 12:44 Asia/Dushanbe

Нахуствазири собиқи Ҷопон дар маросиме дар шаҳри Норо ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва маҷруҳ шуд.

Нахуствазири собиқи Ҷопон ҳамакнун ба бемористон интиқол шуда, аммо ҳанӯз дар бораи шароити ҷисмонии вай хабаре мунташир нашудааст.

Тирандозӣ ба Шинзо Обе аз туфанг ва аз самти пушти сар анҷом шуда ва омили тирандозӣ дастгир шудааст.

Бино ба гузориши расонаҳо, як маъмури собиқи неруҳои дифоии Ҷопон омили ин тирандозӣ будааст.

 

Барчасп