Хурӯҷ аз БарҶом иштибоҳи бузурге буд
Раиси Ҷумҳӯри Амрико хурӯҷи кишвараш аз БарҶомро роштибоҳи бузург донист ва муддаӣ шуд бояд ба БарҶом бозгардем.
Ба гузориши Садои Хуросон, Ҷу Бойден раиси Ҷумҳӯри Амрико гуфтугӯ бо канали 12 режими саҳюнистӣ хуруҷи Доналд Трамп раиси Ҷумҳӯри пешини кишвараш аз тавофуқи ҳастаии Эронро иштибоҳи бузург донист ва гуфт, ҳамчунон муътақид аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд ба БарҶом бозгардад.
Раиси Ҷумҳӯри Амрико дар айни ҳол бидуни ишора ба зиёдахоҳии кишвараш тупро дар замини Эрон андохт ва гуфт, ки тасмимгири дар ин бора бар уҳдаи Эрон аст.
Вашингтон дар майи 2018 дар давраи раёсат ҷумҳӯри Доналд Трамп ба сурати якҷониба ва ғайри қонуни аз БарҶам хориҷ шуд ва аз он пас иловабар бозгардонидани таҳримҳои ҳастаӣ, таҳримҳои густардаеро низ алайҳи Теҳрон вазъ кардааст. Аммо Ҷу Бойден раиси Ҷумҳӯри Амрико ба бозгардонидани Иёлоти Муттаҳида ба ин тавофуқ ибрози тамойил кардааст, бо инҳол токунун ҳеч иқдоми амали аз ҷониби давлати Бойден барои бозгашт ба БарҶом сурат нагирифтааст.
Ҷуҳӯри Исломии Эрон борҳо таъкид кардааст, дар сурати лағви тамоми таҳримҳо ва иҷрои таъаҳудоти БарҶомӣ аз сӯи дигар тарафҳои ин тавофуқ, ба гунае, ки аз манофеъи худ таҳти БарҶом баҳраманд шавад, ба иҷрои комили БарҶом боз мегардад.