Июл 16, 2022 11:34 Asia/Dushanbe
  • Созмони Ҳамкории Шанхай  дар таърихи 15 июли соли 2001 мелодӣ дар Шанхаи Чин таъсис шуд
    Созмони Ҳамкории Шанхай дар таърихи 15 июли соли 2001 мелодӣ дар Шанхаи Чин таъсис шуд

Нишасти вузарои санъатӣ Созмони Шанхай ба раёсатии Узбакистон дар шаҳри Тошканд ба сурати нимаҳузӯри баргузор шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай  дар таърихи 15 июли соли 2001 мелодӣ дар Шанхаи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд.

Дар нишасти Созмон, ки рӯзҳои 8 ва 9 июли соли 2017  мелодӣ дар шаҳри   Остона пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доими Созмони Ҳамкори Шанхай шуданд. Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доими ин Созмони Ҳамкории Шанхай аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар нишасти Тошканд, ки бо суханронии Ҷамшед Қучқоров,  муовини нахуствазир, вазири тавсиаи иқтисод ва коҳиш фақри Узбакистон ифтитоҳ шуд, вузарои санъати Ҳинд, Қирғизистон, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, муовини вузарои марбутаи Қазоқистон, Русия , Чин, Беларусия, Дабир кулли Созмони Ҳамкории  Шанхай, Илҳомҷон Неъматов муовини раиси Кумитаи иҷроии ҷомеъаи кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ ва ҳамчунин намояндагони маҳофили бозаргонии Русия ва Қазоқистон ширкат карданд.

 Ширкат кунандагон дар   нишаст тақвияти бештари  ҳамкориҳои мутақобил дар чорчӯби Созмони Шанхай барои манофеъи тавсиа ва санъат, таъмини рушди пойдори тавлидоти санъатӣ бар пояи таъовунӣ, иҷрои тарҳҳои сармоягузории муштарак,  ба коргирии фанновариҳои ҷаддид, ҷазби манобеъи моддӣ ва молӣ, афзоиши баҳраварии нерӯи кор ва танавубахши маҳсулоти санъатиро барраси кардаанд.

Намояндагони кишварҳои узви Созмони Шанхай  ҳамчунин пешнависии барномаи ташвиқии таъовуни санъатӣ байни маҳофили бозаргонии кишварҳои узвро , ки муътақобилан барои тасвиб дар нишасти Самарқанд ироа хоҳад шуд, тасвиб кардаанд.

Нишасти қаблии вузарои санъатӣ кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар таърихи 16 июли соли 2021 мелодӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп