Оғози муҳокимаи Шайх Қосим омили ташдиди таниш дар Баҳрайн
Эъломи хабари оғози муҳокимаи шайх Исо Қосим-раҳбари шиаёни Баҳрайн аз сӯи дастгоҳи қазоии ҳукумати Баҳрайн, бо эътирози камсобиқаи мардум ва ниҳодҳои байналмилалӣ, рӯбарӯ шудааст.
Як рӯз пас аз таъини рӯзи чаҳоршанбе 27-уми июл, ба унвони оғози муҳокимаи шайх Қосим-раҳбари шиаён ва раҳбари қиёми мусолиматомези мардуми Баҳрайн алайҳи сиёсатҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Оли Халифа, даҳҳо ҳазор тан аз мардуми ин кишвар бо баргузории таҷаммуъ дар манотиқи мухталифи ин кишвар бавижа Аддироз, маҳали сукунати шайх Қосим, инзиҷори худро аз тасмимоти нажодпарастонаи Подшоҳии Баҳрайн эълом карданд.
Бар асоси гузоришҳо, ба далели густардагии эътирозҳои мардумӣ дар манотиқи мухталифи Баҳрайн, мақомоти амниятии Баҳрайн бо ташдиди иқдомот ва тадобири амниятӣ дар саросари ин кишвар, талош доранд монеъи густариши эътирозот ба маркази Манома-пойтахт шаванд.
Режими Оли Халифа, ки чанд ҳафта пеш дар иқдоме бар хилофи қавонини инсонӣ, тобеияти шайх Исо Қосимро лағв карда буд, эълом кардааст, аз имрӯз (чаҳоршанбе), муҳокимаи ин рӯҳониро ба сабаби ҷамъоварии "хумс", ки як воҷиби динии хоси мазҳаби шиа аст, оғоз мекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки додгоҳи режими Оли Халифа дар ҳамин муддат ҳукми ниҳоии инҳилоли ҷамъияти "Вифоқ", бузургтарин ҷамъияти мухолифи ин кишварро содир кардааст, ки ин иқдом низ бо эътирози ҷомеаи ҷаҳонӣ бавижа шахси дабири куллм созмони милал рӯбарӯ шудааст.
Дар вокуниш ба бе эътиноии ҳукумати Оли Халифа ба эътирозоти ҷаҳонӣ дар қиболи ташдиди саркӯбгаронаи фаъолони сиёсӣ ва мазҳабӣ ба баҳонаҳои беасос, нерӯҳои инқилобии мухолифи режими Баҳрайн ҳам аз мардуми хостанд дар эътироз ба оғози муҳокимаи шайх Исо Қосим, имрӯз чаҳоршанбе бо баргузории роҳпаймоии густарда хашм ва инзиҷори худро сиёсатҳои Подшоҳии Баҳрайн ба намоиш бигузоранд.
Бо ин ҳол вазорати дохилии Баҳрайн бо ҳушдор дар бораи баргузории ҳаргӯна тазоҳуроти мардумӣ дар ин кишвар эълом кард, ҳаргӯна таҷаммуъи эътирозомезро бо шиддат саркӯб хоҳад кард.
Ҳайати уламои шиаи Баҳрайн бо интишори баёнияе зимни қадрдонӣ аз ҳӯшёрии мардуми ин кишвар дар қиболи сиёсатҳои золимонаи ҳукумати Оли Халифа эълом кард, муҳокимаи шайх Қосим ба манзалаи эъломи муҳокимаи мазҳаби шиа, фароиз, аҳком ва марҷаъияти он аст.
Дар ҳамин пайванди пойгоҳи хабарии Алаҳди Лубнон эълом кард, беш аз 90 созмон, ҷамъият ва анҷуман аз 5 қораи ҷаҳон бо интишори баёнияе ҳаргӯна таарруз ва беҳурматӣ ба Қосим ва пайравони мазҳаби ташайюъ, тавассути режими Оли Халифа дар Баҳрайнро маҳкӯм кардаанд.
Бар асоси бархе гузоришҳо, додгоҳи Баҳрайн қарор аст, имрӯз илова бар муҳокимаи шайх Қосим, гурӯҳи дигарро ба иттиҳоми харобкорӣ ва ҳамкорӣ бо авомили хориҷӣ аз ҷумла Эрон оғоз мекунад.
Дар чунин шароите, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён- дастёри вижаи раиси Маҷлиси Эрон дар умури байналмилал бо таъкид бар ин ки Эрон аз демократия ва озодии баён ва ҳуқуқи башар дар минтақа ва Баҳрайн ҳимоят мекунад, афзуд, ҳукумати Баҳрайн агар аз торих дарс нагирад ва хатоҳои худро такрор кунад, зиёни бештарн хоҳад дид. Абдуллоҳиён бо баёни ин ки роҳкори ҳали буҳрон дар Баҳрайн сирфан сиёсӣ аст, гуфт, озодии фаъолони сиёсӣ ва мазҳабӣ ҳамчун шайх Алӣ Салмон аз ҳабси ғайриқонунӣ ва ҳифзи ҳурмати шайх Қосим ва таваққуфи иқдомоти амниятӣ муқаддамаи зарурии ҳали сиёсии буҳрон дар Баҳрайн аст.