Дархости Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои тавлиди ваксинаи ҷадиди Ковид
(last modified Sat, 23 Jul 2022 07:20:28 GMT )
Июл 23, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
  • Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO) аз муҳақиқон хостааст то ваксинаҳои ҷадиде тавлид кунанд
    Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO) аз муҳақиқон хостааст то ваксинаҳои ҷадиде тавлид кунанд

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз муҳақиқон хост, ба манзури муқобилаи муасиртар бо Ковид 19 ва ҷилавгирӣ аз аворизи он, ваксинаҳои ҷадид тавлид кунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO) аз муҳақиқон хостааст то ваксинаҳои ҷадиде тавлид кунанд, ки битавонад аз уфунат низ ҷилавгирӣ кунад, ин дар ҳоле аст, ки ҳадафи ваксина кардани 70 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон то авосити сол ҳанӯз таҳақуқ наёфтааст.

Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт агар ваксинаи ҷадид сохта нашавад, хатари эҷоди анвоӣ вирусҳои ҷадид вуҷӯд дорад, ки ваксинаҳои мавҷӯд дар баробари он катар муасир ҳастанд.

Ин Созмон ҳамчунин эълом кард ба ваксинаҳое ниёз дорем, ки тазриқи онҳо осонтар бошад, барои мисол ба шакли  чакондан дар бинӣ.

Бар асоси як мутолиаи ҷадид, ки дар ҳафтаномаи пизишкӣ  дар Британия мунташир шудааст, ваксинаҳои мавҷӯд ҷони 20 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон наҷот додаанд.

Бо ин ҳол, ҷаҳон бо тавзеъи одилонаи ваксинасиюн фосилаи зиёд дорад. Дар кишвараҳои фақиртар, танҳо 28 дарсад аз ҷамъияти солмандон ва танҳо 37 дарсад аз коркунони беҳдош ва дармон ваксина шудаанд.