Иҷрои ҳукми эъдом дар Ҷопон
(last modified Tue, 26 Jul 2022 07:11:11 GMT )
Июл 26, 2022 12:11 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои ҳукми эъдом дар Ҷопон

Ҷопон омили ҳамла бо корд ба мардумро эъдом кард.

Ҷопон аз камтарин кишварҳои пешрафта аст, ки ҳукми эъдом дар он иҷро мешавад ва бо вуҷуди интиқодҳои байналмилалӣ ҳимояти умумии мардум аз эъдом сабаби идомаи иҷрои он дар ин кишвар шудааст.

Ҷопон имрӯз (сешанбе) марди маҳкум ба ҳамлаи маргбор бо корд ба шаҳрвандони Токио дар соли 2008-ро эъдом кард.

Расонаҳои Ҷопон бо эъломи ин хабар гузориш карданд, ин ҳамла, ки дар минтақаи машҳури Акиҳабара (Akihabara) –и Токио рух дод, ҳафт кушта бар ҷой гузошт.

Омили ҳамлаи соли 2008 ҳамлаашро бо рондани як комюни дутонӣ ба миёни ҷамъияти раҳгузарони пиёда дар Токио оғоз кард. Вай сипас аз комюн пиёда шуд ва беҳадафу иттифоқӣ мардумро ҳадафи ҳамла бо корд қарор дод.

Ин дар ҳолест, ки Обе Шинзо, нахуствазири собиқи Ҷопон рӯзи ҷумъа (ҳаштуми июл) ҳини эроди суханронӣ дар муборизоти интихоботӣ дар ҷануби ин кишвар ба зарби гулӯла кушта шуд.