Декабр 02, 2016 18:33 Asia/Dushanbe
  • Путин докторинаи ҷадиди сиёсати хориҷии Русияро имзо кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия докторинаи ҷадиди сиёсати хориҷии ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, меҳвари аслии докторина ё усули ҷадиди сиёсати хориҷии Русия дастёбӣ ба роҳи ҳалли сиёсӣ дар Сурия ва муқобилаи қотеона бо ҳар навъ таҳдиди Амрико аст.

Бар асоси ин гузориш, дар докторинаи ҷадиди сиёсати хориҷии Русия таъкид шудааст, ки Маскав ба ҳимоят аз роҳи ҳалҳои сиёсӣ барои поён додан ба муноқишаҳо дар ғарби Осиё ба дур аз дахолатҳои хориҷӣ идома медиҳад ва аз табдил шудани ин минтақа ба ҳавзаи орӣ аз таслеҳоти ҳастаӣ ҳимоят мекунад.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, сиёсати пешгирифтаи Амрико ва муттаҳидонаш барои боздорандагӣ дар баробари Русия ва эъмоли фишор бар он ба суботи минтақаиву байналмилалӣ зарба мезанад.

Маскав дар ин докторина таъкид кардааст, ки талошҳои Вашингтонро барои эъмоли фишор бар худ нахоҳад пазируфт ва ҳаққи посухи қотеона ба иқдомоти ғайридӯстонаи Амрикоро барои худ маҳфуз медонад.

Докторинаи ҷадиди сиёсати хориҷии Русия, Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими Маскав тавсиф кардаву хостори ҳамкориҳои босубот байни ду тараф шудааст.

 

Барчасп