Байден дубора корона гирифт
Кохи Сафед аз ибтилои дубораи Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико ба вируси корона хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кохи Сафед эълом кард Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико 3 рӯз пас аз эъломи беҳбудии вай аз бемории Ковид – 19, муҷаддадан даргири вируси корона шудааст .
Байден низ билофосила дар паёми твиттерӣ эълом кард озмоиши коронаии вай дубора мусбат шудааст .
Раиси ҷумҳӯри Амрико муддаӣ шуд ҳеч гуна алоиме надорад, аммо барои саломатии касоне ки атрофи вай ҳастанд дар қарантина хоҳад буд .
Натиҷаи озмоиши коронаии Байден нахустин бор панҷшанбеи ду ҳафтаи пеш мусбат эълом шуд . Кохи Сафед дар он замон эълом кард бо вуҷуди мусбат шудани натиҷаи тести Ковид – 19-и раиси ҷумҳӯри Амрико, алоими вай сабук буда ва Байден аз роҳи дур вазоифи худро анҷом хоҳад дод .
Иёлатҳои мухталифи Амрико дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди афзоиши дубораи теъдоди мавориди ибтило ва бистарии беморони коронаӣ будаанд .