Декабр 03, 2016 10:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳокимияти шиканҷа дар Туркия пас аз табаддулот

Гузоришгари вижаи Созмони Милал эълом кард, пас аз табаддулоти нофарҷоми 15-уми июн дар Туркия фазои шиканҷа дар ин кишвар ба шиддаст густариш меёбад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Нилс Мелзер, гузоришгари вижаи СММ дар умури шиканҷа дар конфронси хабарие ва дар поёни сафари шашрӯзаи худ ба Туркия гуфт, дар рӯзу ҳафтаҳои баъд аз табаддулоти нофарҷом дар Туркия дар ин кишвар шиканҷа ва шаклҳои мухталияи бадрафторӣ, бавижа ҳангоми дастгир кардан ва дар муддати боздошти афрод густариш ёфтааст. Мелзер афзуд, қонун ва ҳукмҳое, ки ахиран, дар Туркия тасвиб шуданд, фазоеро барои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон фароҳам кардааст.

Баъд аз табаддулоти нофарҷом раисҷумҳури Туркия вазъи фавқулодда дар ин кишвар барқарор кард ва бо имзои ҳукмҳое муддати замони боздошти муваққатии афродро барои муҳокима дар додгоҳ ба 30 рӯз афзоиш дод.

Мелзер дар тӯли шаш рӯзи сафари худ ба Туркия аз боздоштгоҳҳое дар Истанбул, Анкара, Диёрбакр боздид ва бо зиндониёни онҳо, вакилони дифоъ ва фаъолони ҳуқуқи башар дидор кард. Мезлер нахустин гузоришгари вижаи СММ дар умури шикаҷа аст, ки аз соли 1998 то кунун ба Туркия сафар кардааст.

Шарикони ғарбии Туркия аз мавҷи поксозиҳои пас аз табаддулоти нофарҷом, ки дар натиҷаи он то кунун беш аз 100 ҳазор нафар аз кори худ ихроҷ шуд, ибрози нигаронӣ кардаанд. 

Барчасп