Паёми нахуствазири Ҳинд ба муносибати Ошурои ҳусайнӣ
Август 09, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Ҳинд ҳамзамон бо рӯзи Ошуро дар паёме аз қиёми ҳазрати имом Ҳусайн (а) таҷлил кард.
Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд имрӯз (сешанбе) дар паёме твиттерӣ навишт: "Имрӯз рӯзи бузургдошти фидокориҳои ҳазрати имом Ҳусайн (а) аст ва аз ӯ ба хотири тааҳҳуди тазалзулнопазираш ба ҳақиқату мубориза бо беадолатӣ ёд мешавад.
Дар паёми Моди омадааст: Ҳазрати имом Ҳусайн (а) ҳамчунин ба баробариву бародарӣ аҳамияти зиёде медод.
Паёми таҷлили Моди аз қиёми ҳазрати имом Ҳусайн (а) дар ҳоле содир шуд, ки рӯзи гузашта неруҳои ҳиндӣ даҳҳо тан аз азодорони ҳусайниро дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар ба баҳонаи ширкат дар ойинҳои вижаи муҳаррам боздошт ё латукӯб карданд.
Бештар бихонед:
Барчасп