Пелоси: Чин, Тайванро аз ҳузӯр дар ниҳодҳои байналмиллалӣ боз доштааст.
https://parstoday.ir/tg/news/world-i89758-Пелоси_Чин_Тайванро_аз_ҳузӯр_дар_ниҳодҳои_байналмиллалӣ_боз_доштааст.
Расии Маҷлиси намояндагони Амрико дар ҷаласаи матбуоти дар Вашингтон муддаъи шуд, ки Пекин Тайванро аз ҳузӯр дар ниҳодҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт боз доштааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 11, 2022 14:12 Asia/Dushanbe
  • Чин дар посух дар иқдоми мудохилаҷуёнаи Амрико, як размоиши низоми дар атрофи ҷазираи Тайван баргузор кард
    Чин дар посух дар иқдоми мудохилаҷуёнаи Амрико, як размоиши низоми дар атрофи ҷазираи Тайван баргузор кард

Расии Маҷлиси намояндагони Амрико дар ҷаласаи матбуоти дар Вашингтон муддаъи шуд, ки Пекин Тайванро аз ҳузӯр дар ниҳодҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт боз доштааст.

Таниш дар равобити Пекин-Вашингтон дар пайи сафари Нэнси Пелоси Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, ки дуввуми август вориди Тайван шуд, вориди марҳилаи ҷадиде шудааст.

Билофосила пас аз ин сафар, Чин сафири Амрикоро эҳзор кард ва маротиби эътирози Пекин ба иқдомоти мудохилаҷуёнаи Вашингтонро дар умури дохилии худ эълом кард.

Чин дар посух дар иқдоми мудохилаҷуёнаи Амрико, як размоиши низоми дар атрофи ҷазираи Тайван баргузор кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Пелоси дар изҳороте, ки пас аз сафар ба ҷазираи Тайван ва алирағми мухолифатҳои Чин анҷом шуд, иддао кард: Ба Чин иҷоза нахоҳем дод Тайванро мунзавӣ кунад.

Вай дар идома иддаои худ гуфт: Мумкин аст чиниҳо Тайванро аз ширкат дар ин заминаҳо боз доранд, аммо наметавонад ҷулуи сафар мо ба  Тайванро бигирад.

Тайван ҷазирае дар шарқи Чин ва таҳти ҳокимияти давлати марказии Чин аст ва Пекин дар чорчӯби сиёсатӣ "Чини воҳид" ин ҷазираро ҷузъе аз сарзамини худ медонад., бо ин вуҷӯд давлати Амрико ба рағми этирозҳои Пекин дар солҳои ахир  ба вижа дар давлати кунуни фурӯши таслиҳоти низомӣ ба ҷазираи Тайван ва ҳимоят аз ҷараёнҳои ҷудоиталабии ин минтақаро афзоиш додааст.