Август 20, 2022 12:56 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чашмгири хушунатҳои мусаллаҳона дар мактабҳои Амрико

Натоиҷи як гузориши ҷадид аз афзоиши чашмгири хушунатҳои мусаллаҳона дар мактабҳои Амрико хабар медиҳад.

Мавҷи хушунат дар ҳоле дар Амрико идома дорад, ки давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар талош аст то ба тирандозиҳо дар ҷоҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла муқобили бинои Конгресс, супермаркетҳо, мактабҳо, идораҳо ва манозил поён диҳад.

Гузорише,  ки ба тозагӣ мунташир шуда нишон медиҳад, мактабҳои Амрико дар соли таҳсилии 2021-22 шоҳиди вуқуъи бештарин теъдоди ҳаводиси марбӯт ба шиллик бо аслиҳа тайи як даҳаи гузашта будааст.

Як гуруҳи ғайриинтифоӣ ба номи «Everytown For Gun Safety» гузориш дода, теъдоди ҳаводиси марбут ба шиллик бо аслиҳа нисбат ба соли гузаштаи таҳсилӣ беш аз се баробар афзоиш ёфтааст.

Ин гурӯҳ, ки дар ростои коҳиши хушунати мусаллаҳона фаъолият мекунад дар ин гузориш тасреҳ карда, байни 1 августи 2021 то 31 майи 2022 , ҳудӯди 193 «ҳодисаи марбут ба шиллик бо аслиҳа» дар мактабҳои пешдабистонӣ ва мақтаи K-12 ба вуқуъ пайвастааст.

Теъдоди ҳаводис ин чунине, ки дар соли таҳсилии 2020-21 гузориш шуда буд 62 маврид будааст. Болотарин рекорди марбӯт ба ин омор марбут ба соли таҳсилии 2018-19 буд, ки дар он 75 маврид сабт шуд.

Ин гуруҳи ғайриинтифоӣ аз соли 2013 ба ин сӯ дар ҳоли расади хушунати мусаллаҳона дар мактабҳо аст.

Бар асоси додаҳои «архиви хушунат бо аслиҳа», танҳо дар соли 2020, 19 ҳазору 411 мавриди маргу мири ношӣ аз силоҳи гарм дар Амрико сабт шудааст, ки афзоиши 30 дарсадӣ нисбат ба панҷ соли қабл (аз 2015)-ро нишон медиҳад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп