Август 23, 2022 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии беш аз 300 санади маҳрамона аз хонаи Трамп

Давлати Амрико токунӯн беш аз 300 санад бо муҳри маҳрамона аз хонаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар, аз ҷумла асноде аз Созмони CIA, FBI ва ожонсҳои амниятӣ дар саросари кишвар кашф кардааст.

Аввалин даста аз беш аз 150 санади табақабандӣ шуда дар моҳи январ тавассути Сервиси архиви миллии ҷамъоварӣ шуд, пеш аз онки мушовирони Доналд Трамп дар моҳи июн дуюмин даста аз аснодро ба вазорати додгустарӣ таҳвил диҳанд.

Саранҷоми сеюмин бастаи аснод дар ҷараёни бозрасии ин моҳ аз хонаи раисиҷумҳури собиқ дар Маралаго, Флорида, кашфу забт шуд.

Вазорати додгустарии Амрико дар ин хусӯс изҳори назаре накардааст. Намояндагони Доналд Трамп ба дархостҳо барои изҳори назар посух надоданд.

Доналд Трамп рӯзи душанбе аз як додгоҳи федерол дар Флорида хост то аз таҷзия ва таҳлили асноди забт шуда аз хонааш ҷилавгирӣ кунад то замоне, ки коршиносе барои назорат бар ин раванд мансӯб шавад.

Ин ҷустуҷӯ бахше аз таҳқиқоти федерол дар маврид ин аст, ки оё Трамп ба таври ғайриқонунӣ аснодро дар поёни давраи раёсати худ дар январи 2021 бардоштааст ё хайр.

Трамп ва ҳомиёнаш иқдоми FBI  ва вазорати додгустарии Амрикоро намоде аз таҷовузи давлат ва озору шиканҷаи сиёсӣ тавсиф карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп