Декабр 04, 2016 11:18 Asia/Dushanbe
  • Озодии даҳҳо ғайринизомӣ аз асорати ДИИШ дар Либия

Даҳҳо ғайринизомӣ аз асорати гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Сирти Либия озод шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Син Хуа, нерӯҳои давлати Вафоқи Либия рӯзи шанбе эълом карданд, шаҳри Сирт дар остонаи поксозии комил аст ва дастикам 41 ғайринизомӣ аз асорати аносури гурӯҳи террористии ДИИШ озод шуданд.

Бинобар ин гузориш, нерӯҳои давлатӣ мавозеи худро дар минтақаи ал-Ҷиза ал-Баҳрия, охирин мақари  ДИИШ дар шаҳри Сирт, тақвият кардаанд.

Аносури гурӯҳи террористии ДИИШ иртикоби ҷиноят, кӯдакон ва занонро ҳадаф қарор дода ва аз онҳо ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд.

 

 

Барчасп