Декабр 04, 2016 15:06 Asia/Dushanbe
  • Барномаи “якрӯз бо ҳиҷоб” дар Донишгоҳи Висконсини Амрико

Барномаи “ якрӯз бо ҳиҷоб” бо ҳадафи эҷоди шинохти беҳтар аз ҳиҷоб барои ғайримусулмонони Амрико дар донишгоҳи Висконсини ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Расо, барномаи таҷрибаи ҳиҷоб бо ҳамкории Кумитаи иртибототи ҷаҳонии Висконсин бо даъват аз бонувони ғайримусулмон барои таҷрибаи ҳиҷоб ба муддати як рӯз ва сӯҳбат дар мавриди мафҳуми густурдаи ҳиҷоб дар донишгоҳ ин шаҳр баргузор шуд.

Ба гуфтаи Фарҳат Бхуиён, масъули ҳамоҳангии ин барнома,бонувони муҳаҷҷабаи зиёде дар ҷомеаи Амрико ҳузур доранд.

Дар моҳҳои ахир эҳсосоти зиддиисломӣ дар Амрико ба далели ҳамалоти террористии гурӯҳҳои такфирӣ ва низ изҳороти исломситезонаи сиёсатмадорони амрикоӣ шиддат гирифтааст ва занони муҳаҷҷаба, бештарин осебро аз ин масъала дидаанд.