Интиқоди Созмони Милали Муттаҳид аз режими саҳюнистӣ
Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал аз Исроил ба далели содир ё тамдид накардани раводиди коркунони ин ниҳод, ки масъули назорат бар вазъияти ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои фаластинӣ ҳастанд, интиқод кард.
Режими саҳюнистӣ ба унвони яке аз бузургтарин ноқизони ҳуқуқи башар дар сатҳи ҷаҳонӣ шумурда мешавад. Ин режим беэътино ба қавонини байналмилалӣ ва қавонини марбӯт ба ҳуқуқи ҷанг ба унвони як режими ишғолгар аз соли 2008 чаҳор ҷангро алайҳи борӣкаи Ғазза бароҳ андохта ва наздик ба 4000 нафарро ба шаҳодат расонда, ки як чаҳоруми онҳо кӯдак ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳиди рӯзи сешанбе бо интишори як баёнияи матбуотӣ гуфт, дар соли 2020 , 15 корманди байналмилалии дафтари Комиссари ҳуқуқи башар дар Фаластин, ки 26 сол аст дар ин сарзамин фаъолият мекунанд, чорае ҷуз хурӯҷ надоштанд.