Август 31, 2022 15:04 Asia/Dushanbe
  • Содироти як миллиард долларии Афғонистон ба 10 кишвари ҷаҳон

Вазири санъат ва тиҷорати ҳукӯмати Толибон мегӯяд, Афғонистон дар яксоли гузашта 1 миллиарду 364 миллион доллар ба 10 кишвар содирот доштааст.

Нуриддин Азизӣ, вазири санъат ва тиҷорати Толибон рӯзи сешанбе бо ташреҳи амалкарди ин вазоратхона дар яксоли гузашта афзуд, барои тақвияти бахши содирот, ройзаниҳои фаровоне бо масъулони Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Узбекистон, Эрон ва Русия доштаем.

Азизӣ, коҳиш дар маҳдӯдиятҳои интиқоли пул аз тариқи ҳаволаи арзӣ (TТ) ва тасҳил дар раванди харидории маводи аввалия, табдили Афғонистон ба чаҳорроҳи минтақа, фаъолсозии муҷаддади даҳлезҳои ҳавоӣ, фароҳам кардани тасҳилот дар судӯри визои тиҷорӣ аз кишварҳои минтақа ба тоҷирони афғон,  гирифтани муҷаввизи транзити маводи нафтӣ аз масири Эрон ба Афғонистон ва баргузории чандин намоишгоҳро аз дастовардҳои муҳими ин вазоратхона хонд.