Сентябр 04, 2022 09:52 Asia/Dushanbe
  • Осеб дидани 420 ҳазор муҳоҷири афғон аз сели Покистон

Комисариёии олии Созмони Миллал дар умӯри паноҳндагон эълом кард беш аз 420 ҳазор муҳоҷири афғон аз селҳои ахир дар Покистон осеб дидаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон,  Кумисориёии олии созмони милал дар умури паноҳндагон эълом кард илова бар покистониҳо  беш аз 420 ҳазор муҳоҷири афғон низ аз селҳои ахир дар Покистон осеб дидаанд, ки ба кумакҳои фаврӣ ниёзманд ҳастанд .
Бар асоси гузориши ин ниҳод муҳоҷирони афғони осебдида дар бахшҳои иёлатҳои Хайбарпахтунхоҳо, Синд ва Балучистони Покистон зиндагӣ мекунанд, ки дар селобҳои ахир мутаъассир шудаанд.
Крис Коия-мудири барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Миллал дар Покистон низ ахиран гуфт : Сели Покистон раванди кумакрасонӣ ба Афғонистонро ҳам халалдор кардааст .
Крис Коия бо ташреҳи таъсири манфии сели Покистон бар ин раванд гуфта буд бисёре аз кумакҳои ғизоӣ аз тариқи марзи заминии Покистон ба Афғонистон интиқол меёбад, аммо акнун ин шабакаи ҳамлу нақлӣ ба шиддат дар селҳои ахир осеб дидааст .
Давлати Покистон дар бароварди аввалияи худ эълом карда, ки сели вайронгар то кунун 10 миллиард доллар ба иқтисоди аз қабл бемори ин кишвар хисорат задааст.