Сентябр 04, 2022 17:49 Asia/Dushanbe
  • Идомаи парвозҳои имдодии кишварҳо ба селзадагони сели Покистон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон аз идомаи парвозҳои имдодӣ аз кишварҳои дӯст барои имдодрасонӣ ба селзадагони ин кишвар хабар дод.

Дар рӯзҳои ахир сел дар манотиқи мухталифи Покистон хисорати ҳангуфти молӣ ва ҷонӣ ворид кардааст.

Токунӯн ҳазор 265 нафар бар асари сел дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҷон бохтанд ва беш аз 1700 нафар масдӯм шуданд ва миллион нафар овора ва беш аз 30 миллион нафар ҳам таҳти таъсири сел қарор гирифтаанд.

Ба гузориши нашрияи Пол нюз. чопи Исломобод, Осим Ифтихор Аҳмад, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Покистон имрӯз (якшанбе) дар баёнияе эълом кард, парвозҳои имдодӣ аз кишварҳои дӯст барои имдодрасонӣ ба манотиқ селзада ҳамчунон идома дорад ва токунӯн 30 парвози имдодӣ аз кишварҳои мухталиф ба Покистон расидаанд.

Давлати Покистон эълом карда, барои бозсозии манотиқи осеб дидаи ин кишвар ва ҳамчунин имдодрасонӣ ба мардум ба беш аз 10 миллиарддоллар ниёзманд аст.