Сентябр 06, 2022 09:47 Asia/Dushanbe
  • Чой бихӯред то Альцгеймер нагиред !

Мутолиъоти гуногун ва мушоҳидаҳо осори муфиди масрафи чойро дар ихтилолоти асаби шинохтӣ монанди аз даст додани ҳофиза собит кардаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, чой яке аз пурмасрафтарин нушиданиҳо дар ҷаҳон аст ва анвоъи мутолиъоти илмӣ нишон додааст ки масрафи он метавонад аз норасоиҳои шинохтӣ ва аз даст додани ҳофиза ҷилавгирӣ кунад . Дар миёни анвоъи чой, чои кабуд бештарин хавосро дар ин замина дорост .
Ин мутолиъот нишон доданд замоне ки чои кабуд тавассути ферментҳои руда ҳазм мешавад, маводи кимиёии ҳосил аз ин ҳазм бо авомиле, ки муҷиби ибтило ба Альцгеймер(бемории хотирфаромушӣ) мешаванд, муқобила мекунанд .
Мутолиъот нишон медиҳад нушидани чои кабуд метавонад ба коҳиши заволи ақли вобаста ба афзоиши син кумак ва ҳофизаро тақвият кунад . Чои кабуд дорои аминокислота и L-тиамин аст, ки муҷиби эҷоди ҳиси оромиш ва беҳбуди амалкарди шинохтии мағз мешавад .
Чои сабз дар дармони анвоъи бемориҳо аз ҷумла саратон, фарбеҳӣ, диабет ва бемориҳои илтиҳобӣ низ муассир аст .

Бештар бихонед:

 

Барчасп