Лиз Трасс, нахуствазири ҷадиди Англия
(last modified Tue, 06 Sep 2022 14:53:49 GMT )
Сентябр 06, 2022 19:53 Asia/Dushanbe

Саранҷом пас аз ҳафтаҳо кашмакаш ва ёркашӣ дар Ҳизби ҳокими муҳофизакори Англия барои таъйини ҷонишини Борис Ҷонсон, бо раъйи ҳудӯди 81 ҳазор нафарии аъзои Ҳизби муҳофизакор, Мэри Элизабет Лиз Трасс ба унвони раҳбари ин ҳизб ва нахуствазири ҷадиди ҳудӯди 67 миллион англисӣ таъйин шуд.

Кохи Букингем эълом кард, Лиз Трасс, раҳбари Ҳизби муҳофизакори Англия, даъвати Маликаро барои ташкили давлат пазируфт ва бад-ӣн тартиб, ба таври расмӣ нахуствазири Англия шудааст.

Лиз Трасс дар нахустин суханронӣ пас аз эъломи пирӯзияш дар интихоботи дарун ҳизбӣ гуфт, талош хоҳам кард, суратҳисоби энержии мардум коҳиш ёбад ва амнияти энержӣ таъмин шавад. Ҳамчунин аз Созмони миллии беҳдошт ва дармон пуштибонӣ хоҳам кард. Лиз Трасс, вазири хориҷаи давлати Ҷонсон дар ҳоле ҷонишини ӯ мешавад, ки Ҷонсон ҳудӯди ду моҳ пеш дар пайи фишорҳои ношӣ аз силсилаи расвоиҳо ва фишорҳои дарун ва бурӯнҳизбӣ маҷбур ба канорагирӣ шуд.