Баргузории давраи омӯзиши забони русӣ дар Волгогради Русия барои фарзандони муҳоҷирон
Сентябр 07, 2022 16:02 Asia/Dushanbe
Давраи омӯзиши забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон дар Волгогради Русия баргузор мешавад.
Ба гузориши “Азия плюс”, донишомӯзони давраҳои омӯзиши забони русӣ фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳастанд.
Елена Елазарова, муовини мудири мактаб гуфт: “Баъзе аз волидайни онҳо низ забони русӣ балад нестанд, бинобар ин мо маҷбур шудем ба онҳо кумак кунем. Бархе аз онҳо бо мутарҷим омадаанд”.
Вай хотирнишон кард, ҳамаи волидайн алоқаи зиёде ба омӯзиши фарзандони худ ба забони русӣ доранд.
98 дарсад аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият мекунанд.